Харитаи хотираи Душанбе
ба ёд меорем
Лоиҳаи * дарозмуддати * бадеӣ * ва * таҳқиқотӣ
Архиви * афзояндаи * партисипаторӣ
нашрияи * таҷрибавии * интернетӣ
Харитаи Хотира — як лоиҳаи бойгонист, ки ба омӯзиши хотираи ҷамъии Душанбе нигаронида шудааст. Дар меҳвари он хотираву қиссаҳои худи сокинони пойтахт қарор доранд. Мо ин шаҳодатҳоро бодиққат ҷамъоварӣ ва ҳифз намуда, тавассути бойгонии кушодаи онлайн дар дастрасии умум мегузорем.

Ин лоиҳа даъвои онро надорад, ки симои ягона ё ниҳоии шаҳрро пешкаш кунад. Баръакс, он бо хотира ҳамчун як шакли дониши инфиродӣ ва пароканда кор мебарад. Ҳадафи мо сохтани як низоми зинда аст, то симои тағйирёбанда ва зудгузари Душанбе аз рӯйи хотираҳо бозсозӣ ва ҳифз гардад ва аз насл ба насл интиқол ёбад.
Нақшаи шаҳри Душанбе, 1983
бойгонӣ
ҷойҳои зиндамонда / пас аз соли 2000
маконҳои вуҷуднадошта / пас аз соли 2000
ҷойҳои зиндамонда / то 2000
маконҳои вуҷуднадошта / то 1960
маконҳои вуҷуднадошта / то 2000
Мо ҳамаро даъват мекунем, ки хотираҳои худро бо мо тақсим кунанд ва дар бораи ривоятҳои Душанбе нақл намоянд.
Тугмаи поёнро пахш кунед ва шаклро пур намоед, то дар ҳифзи хотираи ҷамъиятӣ саҳм гузоред — дар давоми чанд рӯз шумо метавонед хотираи худро дар харита бинед.

* * * * * * * * * * *
Харита якчанд категорияи гуногуни шаҳодатҳоро дар бар мегирад.

Баъзеи онҳо ба маконҳои мавҷудаи шаҳр вобастаанд, дигарҳо ба ҷойҳои аз байн рафта дахл доранд.
Баъзе хотираҳо ба асри XXI тааллуқ доранд, дигарҳо ба асри XX.

зин
Мундариҷа: хотираҳо, тақризҳо, эссеҳо ва асарҳои ҳунарӣ
Нашрияи онлайнии Харитаи Хотира
Дастрасии озод
Нашрияи таҷрибавӣ, ки фазои бойгонии онлайнро фарохтар намуда, раванди шаклёбии онро нишон медиҳад.

Дар шумораи нахустин маводди зерин ба табъ расидаанд:
  • асарҳои рассомоне, ки бо хотираҳо ва маконҳои Душанбе пайванданд;
  • матнҳои назариявӣ;
  • қиссаҳо дар бораи ташаккул ва рушди бойгонии онлайнии Харитаи Хотира.
* * * * * * * * * * *
Директори барномаҳо: Парвиз Садов
Роҳбари бадеӣ ва куратор: Каролина Пескишева
Куратор ва назариётчӣ: Екатерина Чернова
Рассомон ва муҳаққиқон:
Наргис Абдулназарова
Хусноро Джураева
Насиба Каримова
Даша Джурабоева
Шайма Гулбекова
Наиля Реа
Made on
Tilda